Ҷузъиёти сӯхтори як бахши Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Сӯхтор дар бинои факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Субҳи рӯзи 12-уми апрел

Сӯхтор бинои факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, воқеъ дар маркази ин шаҳҳро комилан хароб кард.
Бахтиёр Шокиров, раҳбари бахши мустақил дар Идораи сӯхторнишонии вилояти Суғд, гуфт, дар натиҷаи ин сӯхтор касе зарар надид, аммо хисороти зиёди моддӣ ба факулта ворид шудааст.
Бар асоси иттилои расмӣ, дар тӯли се моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 140 сӯхтор зар зада, бар асари он ду нафар ҷони худро аз даст додаанд...


Ба гуфтаи ин масъули идораи сӯхторнишонӣ, дар ҳоли ҳозир масъулини факулати санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва идораи сӯхторнишонӣ ба баршумурдани зарарҳои моддии сӯхтор машғуланд ва натиҷаи онро баъд аз анҷоми он эълон хоҳанд кард.

Қароргоҳи ансамбли "Нури Хуҷанд" ва осорхонаи раҳбари он - Ҷӯрабеки Мурод, ки дар канори бинои факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд воқеъ буд, низ ба коми оташ рафт.

Ҷӯрабек Муродов (Акс аз бойгонӣ)
Аммо ба гуфтаи Ҷӯрабеки Мурод, бархе аз нигораҳо ва осорҳои ин осорхона, ки ба кору фаъолияти ин ҳунарманди маъруфу маҳбуби тоҷик бахшида шуда, аз понздаҳ толори намоишӣ иборат аст, бо саъйи сӯхторнишонҳо ва кормандони ансамбл наҷот дода шудааст.

Ӯ афзуд, "умед дорам, ҳукумати ҷумҳурӣ ансамбли шашмақомхонони Тоҷикистон - "Нури Хуҷанд"-ро дар даҳумин солгарди таъсисёбии худ дар кӯча нахоҳад гузошт."

Дастаи шашмақомхонони "Нури Хуҷанд", ки аз қароргоҳи он аз оташсӯзии субҳи 12-уми апрел хароб гардид, дар даҳ соли пеш таъсис ёфта, қарор буд, ки имсол даҳумин солгарди фаъолияти худро бо шукӯҳ таҷлил кунад, аммо ба коми оташ рафт.

Факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки дар наздикии маркази ин шаҳр ҷо гирифтааст, дар даврони пеш таъсис ёфта, дар он садҳо донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилои расмӣ, дар тӯли се моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 140 сӯхтор зар зада, бар асари он ду нафар ҷони худро аз даст додаанд. Тақрибан ними ин сӯхторҳо аз муомилаҳои беэҳтиётонаи сокинону кормандони муаассисаву идораҳо бо ноқилу асбобҳои барқӣ рух дода, сабаби рухдоди беш аз 15 дарсади он оташбозии кӯдакон будааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сӯхтор дар бинои факултаи санъати ДДХ