Додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми истирдоди соҳибкори тоҷик Низомхон Ҷӯраев ба Душанберо содир кард. Мудири собиқи корхонаи кимиёии Исфара дар Тоҷикистон ба даст доштан дар ҷиноёти сангине, чун куштор, шустушӯи пул ва сарпечӣ аз пардохти молиёт айбдор мешавад. Ҷӯраев, ки соли 2007 аз Тоҷикистон фирор карда буд, моҳи августи соли гузашта дар Маскав дастгир шуд. Додситонии кулли Русия дар моҳи феврал истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро қонунӣ донист. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 дар иртикоби парвандаи Низомхон Ҷӯраев, ки бо номи «парвандаи Исфара» маъруф аст, 31 тан аз сокинони ин минтақаро ба муддати аз 8 то 25 сол маҳкум ба зиндон кард.