Даври дуввуми машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Амрико дар Душанбе ба охир расид. Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷӣ гуфт, зимни муколама, ҳамкориҳои иқтисодӣ, рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон фазои сармоягузорӣ, ҳуқуқи инсон, аз ҷумла матбуот, дин ва мазҳаб, вазъи Афғонистон, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва терроризм баррасӣ шудааст. Ҳайъати Амрикоро дар ин муколама Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида раҳбарӣ мекард ва қарор аст, ӯ имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору мулоқот кунад.