Ҳуснӣ Муборак даст доштанаш дар фасодро рад кард

Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури собиқи Миср, изҳор намуд, ки ҳама иттиҳомот дар бораи даст доштани ӯ дар фасод бепояву бунёданд.

Дар нахустин баъд аз истеъфо изҳороти худ Муборак хабар дод, ки аз ҳуқуқҳои худ барои дифоъ аз обрӯи хонаводааш истифода хоҳад кард.

Ба иттилои мақомоти Миср, ҳоло раисиҷумҳури собиқ бо аҳли оилааш дар шаҳри Шарм-ул-Шайх ба сар мебарад.

Дар ҳамин ҳол дар майдони Таҳрири Қоҳира се шабонарӯз боз садҳо эътирозгарон истеъфои маршал Муҳаммад Ҳусейн Тантавӣ, раиси Шӯрои Олии низомии Мисрро талаб доранд. Тазоҳургарон аз симу техникаи низомии харобшуда сангар сохтанд.

Рӯзи шанбе дар ин майдон миёни низомиён ва тазоҳургарон бархурд ба вуқӯъ пайваст, ки дар он дасти кам як нафар кушта ва беш аз 70 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Имрӯз гурӯҳи низомиёни воломақом изҳор намуданд, ки барои қатъи намоишҳои эътирозӣ дар кишвар бояд аз нерӯ истифода кард.