Пуштибонии ҳизби курдҳои Туркия аз сиёсатмадорони зиндонӣ

Дар Туркия ҳизби курдҳо “Сулҳ ва демократия” эълом дошт, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи 12 июн аз номзадии собиқ вакили парлумон Лайло Зано пуштибонӣ хоҳад кард. Лайло Зано бо иттиҳоми робита ба ошӯбгарони курд тақрибан даҳ солро дар маҳбас сипарӣ намуд.

Ҳизби “Сулҳ ва демократия” дар ин маъракаи сиёсӣ аз шаш сиёсатмадори курд низ, ки айни ҳол дар маҳбасанд, ҷонибдорӣ хоҳад кард. Сиёсатмадорони курд дар интихобот чун номзадҳои мустақил ширкат мекунанд.

Бар пояи қавонини Туркия, дар сурати интихоб шудан ин маҳбусон аз зиндон озод карда мешаванд.