Бино ба гузоришҳои фаъолони ҳуқуқи инсон ва шоҳидони айнӣ дар чандин шаҳри Сурия, аз ҷумла ҳошияи шаҳри Димишқ пойтахт, тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ сурат гирифтааст. Гузориш шудааст, ки миёни нерӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон дар шаҳри ҷанубии Даръо бархӯрди шадид ба вуқӯъ пайваст ва 17 нафар ҳам кушта шудаанд. Аз ҳошияи Димишқ дар маҳалли Ҳарасто садои тирандозӣ ба гӯш расидааст ва пулис тазоҳургарони суннимазҳабро латукӯб кардааст. Шаҳри Ҳумс ва минтақаҳои курднишини Сурия низ шоҳиди тазоҳурот шудаанд.