Вазирони молияи Иттиҳодияи Аврупо тавофуқ карданд, то миёнаҳои моҳи май барномаи кӯмаки молӣ ба Португалияи мӯҳтоҷ ба кӯмаки молиро қабул кунанд. Пештар аз ин нишаст дар шаҳри Годоллои Маҷористон, давлати Португалия расман аз Иттиҳодияи Аврупо кӯмаки молӣ хост. Олӣ Рейн, масъули умури молии иттиҳодия рӯзи ҷумъа гуфт: "Барномаи мазкур, иқдоми масъулона барои ҳифзи суботи молӣ дар Аврупо аст ва кӯмак ба Португалия, ки мушкилоти иқтисодиашро паси сар кунад." Бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, Португалия барои рафъи мушкилоти иқтисодиаш 114 миллиард доллар ниёз хоҳад дошт.