Садама дар як нерӯгоҳи атомии дигари Ҷопон

Ба думболи пасларзаи 7,1 дараҷаӣ дар шимолушарқи Ҷопон зоҳиран яке дигар аз нерӯгоҳҳои барқи атомии он садама дидааст. Ширкати Тоҳокуи Ҷопон ва соҳиби нерӯгоҳи барқи атомии Онагава дар вилояти Миягӣ гуфт, баъди заминларза ба фарши ҳарсе реактори нерӯгоҳ об ҷорӣ шудааст. Дар шимолушарқи Ҷопон, ки моҳи март заминларзаи қавие онро вайрону валангор кард, пасларзаи қавии рӯзи панҷшанбе дасти кам ду нафарро кушта ва бештар аз 100 тани дигарро захмӣ кард. Нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима, ки дар заминларза ва сунамии харобиовари моҳи март сахт осеб дид, дар пасларза садамаи ҷиддие надидааст.