Дар ин рӯзҳо Қирғизистон солгарди сарнагунии ҳукумати Қурмонбек Боқиев ва сари кор омадани ҳукумати кунуниро ҷашн мегирад.
Бо омадани ҳукумати кунунӣ, чархише дар низоми идории давлат ба вуҷуд омад ва Қирғизистон низоми идории парлумониро пеш гирифт. Аз ҷорӣ шудани ин низом, ҳанӯз як сол нагузаштааст ва то ҳол дар бораи “самара”-и он сиёсатмадорон аз изҳори ақида худдорӣ мекунанд, вале таҳлилгарони минтақа Омурбек Тикебаев-раиси ҳизби сотсиалистии “Ата-Мекен”-ро яке аз меъморони аслии ин низом медонанд.
ТИКЕБАЕВ -- АЗ МЕЪМОРОНИ НИЗОМИ НАВ
Низоме, ки дар қаламрави Шӯравии собиқ падидаи тоза аст ва дар ин густара баъзе кишварҳо, аз ҷумла Русия, ба он мухолифат нишон доданд. Тикебаевро тақрибан муаллифи Қонуни Асосии нави Қирғизистон мешиносанд. Вай соли 1992 ба майдони сисёсат ворид шуд. Аз он вақт то ҳол аз майдони муборизаҳои сиёсии Қирғизистон хориҷ нашудааст ва ҳамеша дар марҳалаҳои ҳассос дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Солҳои 1995 ва 2000 дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ худро номзад пешбарӣ кард ва дар интихоботи соли 2000 рақиби ҷиддии Аскар Оқоев буд. Баъд аз барканории Оқоев ва баргузории интихоботи нави парлумонӣ дар давраи Қурмонбек Боқиев, соли 2006 раиси парлумон интихоб шуд. Вале баъд аз як сол аз режими ришвахори хонадони Оқоев ошкоро интиқод кард ва ба мухолифон пайваст ва ба яке аз раҳбарони ҷунбиши мухолифин табдил ёфт.
МАРДЕ, КИ ДУ РАҲБАРРО АЗ ПОЙ ДАРОВАРД
Чунин бармеояд, ки Тикебаев ҳам бо ҳукумати Оқоев ва ҳам бо ҳукумати Боқиев дар мухолифат қарор дошт ва дар барканории ин ду раҳбар нақш бозӣ кардааст. Дар ҷараёни интихоботи ахири парлумонии Қирғизистон дар 10-уми октябри соли гузашта, ин ҳадс зада мешуд, ки баъд аз ҷорӣ шудани низоми нави парлумонӣ, Тикебаев раиси парлумон интихоб мешавад, зеро дар баргузории райпурсии моҳи июни соли гузашта чун ҳуқуқдон ва яке аз муаллифони Қонуни Асосии нав нақши муҳим дошт.
Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки вай ва ҷонибдорони ҳизбаш имконоти худро дар ҷомеаи Қирғизистон, ба вижа дар минтақаҳо бештар аз ҳад баҳо доданд ва натавонистанд аксарияти курсиҳоро дар парлумон ба даст оранд. Дар интихобот ҳизби ҷонибдори Қурмонбек Боқиев, яъне ҳизби “Ата Жорт” аксариятро ба даст овард ва бад-ин тариқ Тикебаев натавонист ба раёсати парлумон бирасад.
ЧӢ ДАСТОВАРДЕ?
Бо гузашти як сол аз барканории Боқиев ва сари кор омадани нерӯҳои нав, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ аз Тикебаев пурсидам, дар давоми як сол чӣ дастовардҳоро метавонад аз ин як соли гузашта ном бибарад?
Тикебаев: Интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Бори аввал дар таърихи Қирғизистон аз роҳи интихоботи пурлумонӣ низоми давлатдорӣ тағир ёфт. Дар асл ташаббускорони ин ислоҳот интихоботро бохтанд. Ҳукумати эътилофӣ ташкил шуд ва акнун дар Қирғизистон фарҳанги нави сиёсӣ ташаккул меёбад. Ба ин тартиб, мо дар ислоҳоти сисёсӣ қадами бузурге ба пеш бардоштем. Ин ислоҳот барои минтақаи Осиёи Марказӣ ғайримаъмулист. Метавон гуфт, ки ин як озмоиши бузург ва ҷасуронаи сиёсист ва дар оянда метавонад аз марзҳои кишвари мо берун равад. Таври маълум, дар ҷаҳон рӯйдодҳои пурсару садо дар ҷараён аст. Дар Африқо, дар Ховари Миёна мардум бар зидди режимҳои худкома, ришвахорӣ ва бар зидди диктатура бархостаанд. Дар кишвари мо ҳам ҳамин гуна ҷунбиш вуҷуд дошт ва он бидуни танаффус панҷ сол кор кард ва мо ба натиҷаҳои муайяне ноил шудем ва қадаме ба пеш гузоштем.
ПАДИДАИ ИСТИСНОӢ?
Суол: Чаро Қирғизистон низоми идораи парлумониро пеш гирифт, дар ҳоле, ки дар кишварҳои Шӯравии собиқ, ба вижа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми президентӣ ҷорист?
Тикебаев: Аввал, он чӣ дар Қирғизистон рух дод, падидаи истисноии хоси рӯҳияи мардуми маҳаллии мо нест. Мо бар ин ақидаем, ки тағйирот ногузир буд ва он зарурати таърихӣ дониста мешавад. Вале ин рӯйдодҳо нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон пештар рух дод. Ин бад-он маъно нест, ки мавҷи тағйирот ба кишварҳои дигар таъсир надорад. Бегуфтугӯ, рӯйдодҳои Қирғизистон ва рӯйдодҳои Ховари Миёна ба бисёре аз кишварҳои дигар таъсир хоҳад расонд. Зери таъсири ин рӯйдодҳо ахиран Узбакистон дар Қонуни Асосии худ тағйироти қобили мулоҳиза ворид кард, ки салоҳияти раиси ҷумҳур маҳдуд мешавад ва ҳизбе, ки дар интихоботи парлумонӣ ба пирӯзӣ мерасад, ҳақ дорад ҳукумат ташкил диҳад. Ҳамин гуна ислоҳот дар Қазоқистон ва дар Озарбойҷон низ дар назар гирифта шудааст. Ба ҳар тартиб, режимҳои ҳоким дар кишварҳои Осиёи Марказӣ даст ба ислоҳот ва ба таҷдиди низоми сиёсӣ мезананд, ки дар он салоҳиятҳои парлумон тақвият меёбад ва ҳизбҳо метавонанд дар низоми бисёрҳизбӣ дар интихобот рақобат кунанд. Ба ин тартиб, ман фикр мекунам, ки минтақа дар рӯ ба рӯи тағйироти бузург қарор дорад.
Суол: Оё дар Қирғизистон рӯи кор овардани низоми пурлумонӣ бад-он маъно нест, ки аз такрори шеваҳои худкомагии давлатдорӣ пешгирӣ шавад?
Тикебаев: Бидуни шак. Он гуна, ки таҷрибаи мо ва кишварҳои дигар нишон медиҳад, тамаркузи қудрат дар як даст пайомадҳои хуб надорад. Ба ҳамин сабаб мо ҳокимияти ғайри марказонидашударо пеш гирифтем, ки дар чунин шароит наметавонад ҳокимият дар дасти як кас ва ё дар ихтиёри як ниҳод бошад. Мо низоми рақобатпазир дуруст кардем ва ин низом аз он пешгирӣ мекунад.
Суол: Ҷаноби Тикебаев, ба назари шумо масъалаҳои қавмии миёни қирғизҳо ва узбакҳо дар Қирғизистон ҳал шудааст ё уқдаҳое боқӣ мондааст, ки метавонад мисли ҷароҳати баста замоне боз шавад?
"БОҚИЕВ АФВ НАМЕШАВАД"
Тикебаев: Таъсири пайомадҳои фоҷеа давом хоҳад кард. Фақат як сол аз он гузаштааст. Вале ба мардум ва ҳукумат муяссар гардидааст, ки корҳои зиёде анҷом диҳанд. Дар ҷараёни демократизатсия, вақте ки ҳар шаҳрванд бидуни дарназардошти миллият ё амсоли он метавонад дар равандҳои иҷтимоиву сиёсии ҷомеа саҳм бигирад, тарсу нобоварӣ фаромӯш мешавад ва ҳар шаҳрванд узви комилҳуқуқи ҷомеаи мо хоҳад шуд.
Суол: Шумо ба унвони як ҳуқуқдону сиёсатмадор дар бораи ба муҷозот кашондани Боқиев чӣ назар доред? Оё бо гузашти вақт Боқиев афв хоҳад шуд?
Тикебаев: Ҳукумати кунунӣ азми қотеъ дорад, ки раҳбарони ҳукумат ва давлати қаблиро ба ҷавобгарӣ кашад. Барои он, ки ба такрори худкомагӣ, ниқорталабӣ, талоши ҷорӣ кардани диктатураи шахсӣ роҳ дода нашавад, онҳо бояд ба муҷозот кашонда шаванд. На танҳо ба хотири мардуму таърих, балки барои риояти қонунҳои ҷиноӣ низ.
"БОЯД АЗ МАНФИАТИ МИЛЛИАМОН ДИФОЪ КУНЕМ"
Суол: Ин ҳафта Узбакистон тасмим гирифт, ки як кумитаи миллӣ роҷеъ ба обанборҳо ё сарбандҳои бузург дар Осиёи Марказӣ ташкил диҳад. Шумо фикр намекунад, ки ин кишвар мехоҳад аз ин роҳ иродаи худро бар кишварҳои болооб, ба вижа ба Қирғизистон ва ба Тоҷикистон таҳмил кунад?
Тикебаев: Албатта, масъалаи истифодаи об дар минтақаи мо мушкилиҳои худро дорад. Ин мушкилиҳо таърихӣ ва умуман мушкилиҳои объективианд. Бо вуҷуди ин ҳар кишвар бояд худаш дар бораи истифодаи сарватҳои табиияш тасмим бигирад. Ҳамзамон бояд манофеи кишварҳои ҳамсояи мо дар назар гирифта шавад. Ман фикр мекунам, ки ин масъала аз ҳамин нуқтаи назар бояд ҳал шавад.
Суол: Вале Тоҷикистону Қирғизистон ба ин тасмими Узбакистон посухе медиҳанд?
Тикебаев: Ман фикр мекунам, ки талошҳои Узбакистон рӯшан аст, онҳо мехоҳанд аз манофеи худ дифоъ кунанд. Вале кишварҳои дигар наметавонанд манофеи худро тобеи манофеи кишварҳои дигар кунанд. Дар ин маврид бояд тасмими қобили қабули ҷонибҳоро пайдо кард. Чунин тасмим бояд ҳаққи кишваоҳоеро аз қабили Тоҷикистону Қирғизистон барои истифода аз захоири табиии худашон бидуни чуну чаро эътироф кунад ва он бояд чунон бошад, ки ба кишварҳои ҳасояи мо зарар нарасад.
ТАНИШҲОИ МАРЗӢ ҲАЛШАВАНДА ҲАСТАНД
Суол: Ҳафтаи гузашта миёни аҳолии наздимарзии Қирғизистону Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара ва Ботканд барои замин ихтилоф ба вуҷуд омад. Шумо дар ин бора чӣ фикр мекунед? Чӣ тарз бояд чунин ихтилофҳо бартараф шавад?
Тикебаев: Қабл аз ҳама мо бояд ҷараёни таъйини хатҳои марзӣ ва аломатгузории онро суръат бахшем, ҳамаи масъалаҳои баҳсангези марзиро ҳал кунем. Муҳимтар аз ҳама бо кӯшишҳои ҷонибҳо мо бояд барои ҳали масъалаҳои мушкили коммуникатсионӣ, обёрӣ ва энержии кишварҳоямон тадбирҳо андешем. Дар бисёр масъалаҳо сабабҳои ин мушкилот дар кишварҳоямон шабеҳи якдигаранд. Агар мо ин масъалаҳоро ҳал кунем, сатҳи зисти мардумро беҳбуд бахшем, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд орем, мо метавонем аз ин моҷароҳои нохушоянд пешгирӣ кунем. Ин масъалаҳо ҳамеша бо истифодаи обу замин ё истифодаи роҳҳои мошингард, роҳи оҳан, хатҳои интиқоли барқ ва мисли он иртибот доштааст.
Суол: Ба таври мушаххас роҷеъ ба ин нуқтаи баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ бояд кард, ки мушкил рафъ шавад?
Тикебаев: Кумиссиюни марбутаи байниҳукуматӣ вуҷуд дорад, ман фикр мекунам, ки мо бояд ба ин масъала таваҷҷуҳро бештар кунем ва рафъи ин мушкилро суръат бахшем. Дар он ҷо мушкил вуҷуд дорад ва мо бояд якбора ва барои ҳамеша тасмими ниҳоӣ бигирем. Шаҳрвандони худро аз ин тасмим бояд огаҳ кунем. Вале ин тадбири ибтидоист. Ман фикр мекунам, ки мо дар бояд мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодиро дар ин маҳал ҳал кунем. Дар он сурат ин мушкилиҳо худашон аз дастури рӯз бардошта мешаванд.