Паймони НАТО имрӯз иддаъои давлати Либияро рад кард, ки мегӯяд, ҳавопаймоҳои он як хати лӯлаи интиқоли нафтро бомбор карданд. Абдулҷалил Маъруф, муовини вазири умури хориҷаи Либия гуфт, нерӯҳои НАТО ба майдони нафти Сарир ҳамла карда ва ба он осеб задаанд. Аммо НАТО гуфт, ин иддаъои бепоя аст. Айни замон шӯришиёни Либия мегӯянд, нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, бо шиддат бахшидани ҳамлаҳо бо танку тӯп ба шаҳри Мисрота, имрӯз панҷ нафарро кушта ва 25 тани дигарро маҷрӯҳ кардаанд. Мисрота саввумин шаҳри бузург дар ғарби Либия ва такягоҳи охирини шӯришиён дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ қарор дорад.