Ҳушдори давлати Озарбойҷон ба Ғарб

Ба думболи интиқоди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида аз саркӯбии тазоҳургарони озарӣ, давлати Озарбойҷон аз кишварҳои ғарбӣ хостааст, ба умури дохилии он дахолат накунанд. Алӣ Ҳасанов, як намояндаи баландпояи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Озарбойҷон ба матбуоти расмӣ гуфтааст, иқдоми пулис дуруст буд, ки бо калтак ва тирҳои резинӣ, тазоҳуроти тарафдорони демократияро рӯзи шанбе пароканда кард. Даҳҳо нафар низ дар пайи тазоҳурот боздошт шуданд.