Гузориши нави Кохи Сафед мегӯяд, ки Покистон дар соли гузашта дар амри муқобила бо ҷангиён ба пешрафти ночизе даст ёфта, чунин ба назар мерасад, ки ҳукумати ин кишвар ҳеҷ барномаи мушаххасе дар заминаи мағлубсозии шӯришиён дар даст надорад.
Гузорише ба унвонии Конгресс, ки дирӯз нашр шуд, мегӯяд, вазъи амниятӣ дар манотиқи марзии Покистон бо Афғонистон дар ин охирҳо боз ҳам сангитнтар шудаст. Дар он гуфта шудааст, ки нирӯҳои покистонӣ дар ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангиён ба манотиқи қаблан поккоришуда нотавонанд.
Дар як намунае таъкид мешавад, ки артиши Покистон маҷбур шуд барои поккорӣ кардани як минтақа аз дасти ҷангиён соле се дафъа амалиёт ба роҳ монад. Айни замон, бо вуҷуди мушкилот, ҳамкориҳои амрикоиҳову покистониҳо дар бахши низомӣ идома дорад.
Дар гузориш пешгӯӣ мешавад, ки баҳори имсол дар Афғонистон муқовимати зидди Толибон авҷ хоҳад гирифт.