Интиқоди шӯришиёни Либия аз кунди амалиёти НАТО

Абдулфаттоҳ Юнус

Фармондеҳи артиши шӯришиёни Либия нирӯҳои НАТОро барои кундии пешбурди ҳамлаҳои ҳавоӣ зидди нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ интиқод кард.

Абдулфаттоҳ Юнус, вазири пешини умури дохилаи ҳукумати Қаззофӣ, ки ба шӯришиён пайвастааст, дирӯз дар нишасти хабарие дар шаҳри Бенғозӣ гуфт, ки кундии нирӯҳои НАТО дар амри ҷилавгирӣ аз амалиёти артиши Қаззофӣ боис ба куштори зиёди мардум дар шаҳри Мисрота шуд.

Юнус гуфт, ки дар сурати адами пешрафт, ӯ ин масъаларо дар гузорише ба НАТО ва Шӯрои амнияти СММ матраҳ хоҳад кард. Моҳи гузашта Шӯрои амният истифодаи нирӯи хориҷии ҳавоиро барои гирифтани пеши роҳи нирӯҳои Қаззофӣ иҷозат дод.

НАТО мегӯяд, ки рисолати худро мутобиқи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ иҷро мекунад.