Имрӯз додгоҳи Итолиё ба баррасии қазияи нахуствазир Силвио Берлусконӣ дар заминаи муносибати маҳрамонаи ӯ бо танфурӯши ноболиғе оғоз кард. Вале чанд лаҳза баъди шурӯи мурофиа дар Милан қозӣ баррасии парвандаро то рӯзи 31 май мутаваққиф кард.
Дар толори додгоҳ имрӯз на Берлусконӣ ва на духтари марокашиасл Карима Ал-Маҳруғ ҳузур надоштанд. Додситонҳо Берлусконии 74-соларо барои равобити ҷинсиаш бо духтари 17-сола, ки аз рӯи қонунҳои Итолиё наврас маҳсуб мешавад, айбдор мекунанд.
Яке дигар аз иттиҳомоти Берлусконӣ сӯиистифода аз қудрат аст, ки ба озодкунии ин духтар бо лақаби Рубӣ аз дасти полис баъди бо иттиҳоми дуздӣ ба даст афтоданаш иртибот мегирад.
Дар ҳоле, ки ин ҳарду иттиҳомоти ворида алайҳи худро рад мекунанд, қонунҳои Итолиё Берлускониро метавонад то 15 сол равонаи зиндон кунад.