Дар гузориши нави Кохи Сафед омадааст, Покистон дар мубориза бар зидди тундравҳо камтар пешрафт кардааст ва ин бад-он маъност, ки мақомоти ин кишвар “равиши мушаххасе барои мубориза бо шӯришиён”-ро надоранд. Ин гузориш рӯзи сешанбе мунташир шуд ва ба Конгресси Амрико фиристода мешавад. Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки ахиран вазъ дар манотиқи марзии Покистон бо Афғонистон мутташанниҷ шудааст. Бино ба гузориш, бо вуҷуди баъзе душвориҳо Покистону Амрико ҳамкориҳои низомии худро барои мубориза бо Толибон идома медиҳанд.