Кумиссиюни марказии интихоботии Қазоқистон ба таври расмӣ эълон кардааст, ки Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар дар интихоботи расёати ҷумҳурӣ 95,5 дарсади орои интихобкунандгонро ба даст овардааст. 90 дарсади аҳолии қобили рай дар райдиҳӣ ширкат кардаанд. Назарбоев, ки бештар аз 20 сол дар сари қудрат қарор дорад, хитоб ба ҷонибдоронаш гуфт, пирӯзии вай собит месозад, ки “ҳамаи миллатҳо, пайравони динҳои мухталиф ва мардуми Қазоқистон” муттаҳиданд.