Нишасти палатаҳои поёнӣ ва болоии порлумони Тоҷикистон рӯзи 20 апрел баргузор мешавад дар он раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон паёми солонааш ба Маҷлиси Миллиро ироа хоҳад кард. Ба гузориши хабаргузории расмии “Ховар”, қарор доир ба баргузории ҷаласаи муштараки порлумонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ имзо кардааст. Зимни суханронӣ дар нишаст, Эмомалӣ Раҳмон, доир самтҳои аслии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро рӯшан хоҳад кард.