Юнон: Муаммар Қаззофӣ роҳи ҳали муноқишаро меҷӯяд

Юнон эълон кард, ки Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия зоҳиран роҳҳои бурунрафт аз муноқиша бо шӯришиёнро ҷустуҷӯ мекунад. Ин эъломия баъд аз мулоқоти Абделатӣ Убайдӣ-фиристодаи Қаззофӣ ва Ҷеорҷ Папандреу-нахуствазири Юнон дар Афина-пойтахти ин кишвар садо дод. Димитриҳ Дроутсас-вазири корҳои хориҷии Юнон баъд аз мулоқот гуфт, чунин ба назар мерасад, ки режими Қаззофӣ “роҳҳои ҳал”-ро ҷустуҷӯ дорад. Дар бораи ин мулоқот маълумоти кам ба нашр расидааст. Ба гуфтаи вазири хориҷии Юнон, интизор меравад, ки фиристодаи Қаззофӣ барои ҳали муноқиша бо Туркия низ вориди гуфтугӯ шавад.