Идомаи эътирозҳо дар Қандаҳор ва кушта шудани 2 полис

Бино ба гузоришҳои расида аз шаҳри Қандаҳори Афғонистон, дирӯз дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ 2 корманди полис кушта, 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Сабаби тазоҳурот оташ задани нусхаи Қуръон будааст, ки як роҳиби амрикоӣ онро анҷом додааст. Дар миёни афроди маҷрӯҳ кормандони полис, эътирозкунандагон ва ғайринизомиён, аз ҷумла ду кӯдак низ ҳастанд. Рӯзи шанбе дар чунин тазоҳурот 10 нафар кушта шуданд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ин гуна тазоҳурот дар шаҳри Ҷалолобод низ баргузор шудааст. Эътирозҳо бар зидди оташ задани нусхаи Қуръон дар яке аз калисоҳои аёлати Флорида ҷараён дорад. Дар давоми як ҳафтаи охир дар чунин эътирозҳо дар Афғонистон 20 нафар, аз ҷумла 7 шаҳрванди хориҷии кормандони СММ дар Мазори Шариф низ кушта шудаанд.