Имрӯз дар Душанбе озмуни миллии театрии Парасту ба поён расид. Ҷоизаи аввали ин ҷашнвора ба театри Лоҳутӣ барои намоишномаи “Рӯдакӣ”-и Ҳошим Гадо ва ба театри ба номи Маяковский барои намоишномаи “Ишқи Парӣ”-и коргардон Баҳодур Миралибеков эъто шуд. Театри ҷавонон бо намоиши “Шабе дур аз ватан”-и коргардон Нозим Меликов ва театри Камоли Хуҷандӣ бо “Бозгашти айём”-ин Сайрам Исоева соҳиби ҷои дуввум ва “Дурахши ахтар”-и театри Хоруғу “Шумқадам”-и театри Кӯлоб сазовори ҷои севвум шуданд.
Намоишномаи “Куштори 114-ум”-и Қурбони Собир ҷоизаи махсуси вазорати фарҳанг ва ҳайати доваронро ба даст овард.
Ҷоиза барои беҳтарин нақши мардро Абдулмӯъмин Шарифӣ, иҷрокунандаи нақши асосӣ дар намоишномаи "Шабе дур аз ватан", бо худ бурд.