Ширкати нирӯи барқи Токио – масъули идораи нирӯгоҳи ҳастаии осебдидаи Фукушима- аз кашф шудани аҷсоди ду коргари ин нирӯгоҳ хабар дод. Ин нахустин мавридҳои таъйидшудаи ҳалокати афрод дар ин нирӯгоҳ аст. Ширкати барқи Токио гуфт, ин ду коргари яке 24 ва дуввумӣ 21-сола аз замони асобат дидани нирӯгоҳ бар асари заминларза ва тсунамии рӯзи 11 март бенишон шуда буданд. Бо ин ҳол, талошҳо барои пӯшондани сӯрох дар як реактори тахрибшудаи Фукушима идома дорад. Мақомот мегӯянд, талоши бо семент пӯшондани ин сӯрох натиҷа надод ва феълан кӯшиш мешавад, то онро бо маҳсулоти полимерӣ маҳкам кунанд.