Аз рӯзи ҷумъа дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба сафи артиш шурӯъ шуд. Ин маърака то поёни моҳи май идома карда, такмили ҳайъати воҳидҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ба ҳадаф дорад. Ба манзури таъмини даъвати ҷавонон ба хидмат таҳти раёсати муовини сарвазир Руқия Қурбонова як ситоди вижа низ таъсис ёфтааст.
Бино ба омори ношири ин хабар – хабаргузории “Азия Плюс”- дар ҳар мавсими даъват тақрибан 15-16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмат даъват мешаванд. Ҷамъи афроди синни даъватӣ дар кишварро ин манбаъ беш аз 600 ҳазор нафар баровард карда, мегӯяд, ки тақрибан 150 ҳазор нафар аз ин шумор аз хидмат дар артиш имтиёз дошта, беш аз 100 ҳазори дигараш маъмулан дар Русия дар мардикорӣ қарор доранд.