Сандуқи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) қасд дорад, ба хотири рушди соҳаи чорводорӣ дар Тоҷикистон 15 миллион доллар кумаки билоиваз ироа кунад. Ҷузъиёти ин қарордод дар мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо намояндагони ин сандуқ баррасӣ шудааст. Дар дафтари матбуоти вазорати кишоварзӣ ба хабаргузории «Авесто» гуфтаанд, ки ин барнома тавассути ҷомиаҳои маҳаллӣ ва иттиҳодияҳои чарогоҳҳо ибтидо ба сурати озмоишӣ дар чанд ноҳияи вилояти Хатлон амалӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, ин қарордод то 3 моҳи дигар дар шаҳри Рум, пойтахти Итолиё, ба имзо бирасад.