Дар шаҳраки “1 май”-и ҷамоати Қуштеппа ба тахриби манозили зист шурӯъ кардаанд. Хабаргузории “Азия-Плюс” менависад, рӯзи дуввум аст, ки амалиёти тахриб идома дорад. Намояндагони додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, ки бар ҷараёни ин амалиёт назорат мекунанд, аз додани тавзеҳот дар бораи сабабҳои он худдорӣ кардаанд. Аммо сокинони маҳал ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ шикоят бурдаанд ва ба онҳо дар посух гуфтаанд, ки ҳоло тафтиш идома дорад ва хонаҳояшон тахриб намешавад. Дар идораҳои дигари марбута низ ба онҳо қавл додаанд, ки манозилашонро хароб намекунанд.