Олмон ва Чин даъват карданд, ки талошҳо барои ҳали бидуни муноқишаи бӯҳрони Либия аз сар гирифта шавад. Ин дархост дар Пекин баъд аз мулоқоти Гуйдо Вестервелле ва Йанг Йечӣ-вазирони хориҷии ҳар ду кишвар садо дод. Ҳоло НАТО амалиёти ҳавоии зидди нируҳои Муаммар Қаззофиро тибқи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ бар ӯҳда дорад, то аз шаҳрвандони ин кишвар ҳимоят кунанд. Ҳам Олмон ва ҳам Чин аз райдиҳӣ дар Шӯрои Амният барои ин қатънома худдорӣ карданд ва ҳоло дар амалиёти ҳавоии Либия ширкат надоранд.