Интихоботи раёсатҷумҳурии Миср то моҳи ноябри соли равон баргузор хоҳад шуд.
Шӯрои низомии кишвар ахиран изҳор намуд, ки қарор аст интихоботи сарвари Миср як ё ду моҳ баъд аз интихоботи парлумонии моҳи сентябр доир шавад.
Дирӯз мақомоти низомии Миср Қонуни асосии муваққатро нашр карданд, ки дар он тағйиру ислоҳоти пазируфтаи интихобкунандагон дар раъйпурсии рӯзи 19 март ба инобат гирифта шудааст.
Баъд аз истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврал бар пояи эътирозҳои густурдаи мардумӣ раёсати Миср муваққатан бар дӯши Шӯрои олии низомӣ аст.