Модари сарбоз ба худкушии писараш бовар надорад

Armenia -- Armenian and Russian army units at a joint military exercise, undated

Модари як сарбози кушташудаи рус талаб кардааст, ки шароити марги писараш бори дигар мавриди таҳқиқ қарор гирад. Ҷасади овехташудаи Алексей Буланови 22-сола 22-уми март дар воҳиди низомии шаҳри Луховитсии вилояти Маскав ёфт шуда буд. Ба қавли хешовандон Буланов барои худкушӣ ҳеҷ сабабе надошт ва онҳо ба натиҷагирии муфаттишон эътимод надоранд. Модари Буланов Лариса Романшкина аз Созмони ҳомии ҳуқуқи модарон хостааст, ки ба ӯ кумаки ҳуқуқӣ расонад. Наздикони Буланов ҳамчунон мегӯянд, ки ҷасади ӯро ба хешовандонаш нишон надодаанд. Модари Буланов бар ин назар аст, ки ибтидо писараш ё худкушӣ кард ва ё ӯро куштанд ва сипас ба дор овехтанд. Баъди нашри изҳороти Ромашкина муфаттишон гуфтанд, ки ҳозиранд ҷасадро аз наз таҳқиқ карда, дар миёнаҳои моҳи апрел хулосаашонро эълон намоянд.