"Тоҷик Эйр" аз ҳавопаймоҳои чинӣ даст кашид?

Хабаргузории Азия Плюс аз Душанбе гузориш медиҳад, ки ширкати ҳавоии Тоҷикистон “Тоҷик Эйр” иҷрои мувофиқатномаи харидории ҳавопаймоҳои чинии МА-60-ро мутаваққиф намудааст. Раиси идораи ҳавонавардии мулкии ин ширкат Азизхон Набиев гуфтааст, ин ҳавопаймоҳо, ки мебоист ба ҷои ҳавопаймоҳои кӯҳнаи истеҳсоли шӯравӣ сар аз моҳи марти соли равон мавриди истифода қарор мегирифтанд, ба шароити кӯҳии Тоҷикистон зиёд муносиб нестанд. Хабаргузории Азия Плюс бо ишора ба мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон менависад, ки “Тоҷик Эйр” ба харидории ҳавопаймоҳои ғарбии Боинг ва Аэробус моил аст.