Бино ба хабари “Азия-Плюс”, як донишҷӯдухтари 20-сола дар шаҳри Душанбе талош кардааст, кӯдаки навзоди худро ба 300 доллар фурӯшад. Дар ҷараёни хариду фурӯш модари кӯдак, зани миёнрав ва “харидор” боздошт шудаанд. Ин кӯдак 8-ӯми март ба дунё омадааст. Донишҷӯдухтар гуфтааст, ҳанӯз ҳангоми ҳомиладорӣ фикри фурӯши кӯдак ба сараш омада будаасст. Амалиёти боздошт 27-ӯми март анҷом гирифтааст.