Додгоҳи таҷдиди назари Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳлати ҷазои Муҳаммадризо Зиёев ва Саидмуҳаммад Зиёев-фарзандони вазири пешини ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиёевро ба муддати 15 солӣ кам кард. Санавбар Холова-узви ҳайати Додгоҳи таҷдиди назар дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ хабари мазкурро таъйид кард ва афзуд, пас аз расидани эътироз ба раёсати Додгоҳи Олӣ ин парванда бозрасӣ шуда ва давраи гузаронидани ҷазои ҳарду Муҳаммадризо Зиёев ва Саидмуҳаммад Зиёев 15 солӣ коҳиш дода шудааст. Бино ба иттилои Додгоҳи Олӣ, тақрибан ба ҳамаи афроде, ки шомили парвандаи ҳаводиси Тавилдара буданд ва ба солҳои мухталиф аз озодӣ маҳрум шуда буданд бознигарӣ сурат гирифтааст Аз ҷумла ду нафари онҳо ба шумули Абдусамад Зиёев бародари вазири собиқи ҳолатҳои изтирорӣ Мирзо Зиёев ва Маҳсиддин Муҳиддинонви 66-сола озод шудаанд. Дар миёни ин афрод, ки мӯҳлати ҳукми онҳо коҳиш ёфтааст, як шаҳрванди Русия низ мебошад. Ин афрод бо ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар моҳи августи соли гузашта маҳкум ба зиндон шуда буданд. Додгоҳ ин афродро ба иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои шарқи Тоҷикистон дар тобистони соли 2009 ва ҳамдастӣ бо гурӯҳи Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёев дар тобистони соли гузашта аз озодӣ маҳрум карда буд. Аз ҷумла фарзандони Зиёев Саидмуҳаммад ба муҳлати 29 сол ва Муҳаммадризо ба муддати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.