Ҳавои Тоҷикистон: гоҳ борону гоҳ офтоб

Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе нимаи аввали рӯз офтобӣ хоҳад буд ва аммо баъд аз зӯҳр борон меборад, аз 15 то 19 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанд низ дар нимаи дуввуми рӯз ҳаво абриву боронӣ дар назар аст, ҳарорати ҳаво то 19 дараҷаи болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи офтобӣ хоҳад буд, то 23 дараҷаи гарм мешавад.

Дар вилояти Бадахшон барф меборад ва он баъдан ба борон табдил меёбад. Ҳаво аз 2 то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ҳаво абрист ва каме борон меборад. софу офтобӣ хоҳад шуд, аз 15 то 19 дараҷа гарм мешавад.