Дабири Шӯрои Амният номзади порламон пешбарӣ шуд

Амирқул Азимов

Амирқул Азимов

Амриқул Азимов-Дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон барои намояндагӣ дар порламон аз ҳавзаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Сино номзад пешбарӣ шудааст. Ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократӣ номзадии Азимовро дар ҷаласаи худ баррасӣ ва пешниҳод кардааст. Усмон Солеҳ-масъули бахши иттилоотии Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ба радиои Озодӣ гуфт:

“Вакилони конференция ҳама бо як овоз номзадии Амрирқул Азимовро дастгирӣ карданд. Аз ҲХДТ дигар номзадҳо набуданд.”

Азимов 63 сола аст ва то расидан ба ин мақом дар додситонӣ ва вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мақомҳои гуногун кор кардааст. Вайро чун ҳуқуқдони касбӣ мешиносанд ва рутбаи генерал-лейтинанти полисро дорад. То ҳол аз ҳавзаи рақами 4-и ноҳияи Синои пойтахт Шермуҳаммади Шоҳиён дар порламон намояндагӣ мекард. Ахиран вай раиси Комиссиюни марказии интихоботӣ ва райпурсии Тоҷикистон баргузида шуд. Ҳоло Толибшоҳ Саидзода-сардабири нашрияи “Миллат” аз ин ҳавза худро номзад пешбарӣ кардааст. Ҳизбҳои дигари сиёсӣ барои ширкат дар ин интихобот номзадҳои худро пешбарӣ накардаанд. Дар ин ҳавза интихобот 15-ӯми май баргузор мешавад ва интихобот барои ишғоли курсии холишудаи Шермуҳаммади Шоҳиён дар порламон доир хоҳад шуд.