Субҳи имрӯз дар шарқи Ҷопон боз заминларза рӯх дод, ки нерӯи он ба 6-у ним дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд. Дар бораи осебдидагон ва харобкориҳои ин офати табиӣ ҳанӯз иттилоъ нарасидааст.
Хадамоти геологии Амрико ба мақомоти Ҷопон тавсия намуд, ки мардумро аз хатари тсунамӣ огаҳ созанд.
Дирӯз дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо”-и Ҷопон, ки аз заминларзаи мудҳиш осеб дидааст, болотарин сатҳи радиатсия шурӯъ аз 11 март ба ин сӯ сабт шуд. Бар пояи навиштаи хабаргузориҳо, дар обҳои реактори дуввуми нерӯгоҳ сатҳи радиатсия назар ба нишондоди ҳамешагӣ сад ҳазор баробар бештар аст.
Дар ҳамин ҳол бархе мутахассисон вазъ дар нерӯгоҳро аз ин ҳам бадтар арзёбӣ мекунанд.
Дар оби баҳри наздикиҳои “Фукушимо” моддаҳои радиактив назар ба давраи пеш аз садама ҳазору 850 баробар бештаранд. Гуфта мешавад, ки об ва бархе маводи ғизоӣ дар шаҳри Токио, ки 240 километр дуртар аз нерӯгоҳ воқеъ аст, бо маводи радиоактив олуда шудааст.
Ҳукумати Ҷопон хабар дод, ки бар асари заминларза ва тсунамӣ дар кишвар 27 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд ваё беному нишон шудаанд.