Бино ба гузоришҳо аз Ҷопон, баъди кашфи мизони зиёди радиатсия дар яке аз реакторҳои нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима, кормандонро аз маҳалли ҳодиса хориҷ кардаанд. Хабаргузории “Ройтерс” аз қавли Ширкати тавзеъи нерӯи барқи Токио навиштааст, дар оби ҷамъшуда дар бинои реактори дуввуми нерӯгоҳ мизони радиатсия 10 миллион маротиба бештар аз меъёр аст. Дигар ин ки мақомоти Ҷопон гуфтанд, дар оби дарё дар наздикии нерӯгоҳи Фукушима, олудагии йоди радиоактив кашф шудааст, ки мизони он ҳам аз меъёр 1850 маротиба зиёд аст. Ва Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” гуфт, поёни бӯҳрон дар нерӯгоҳи аз заминларза ва сунамӣ осебдидаи Фукушима ҳанӯз дур аст. Ба гуфтаи ӯ ҳафтаҳо зарур аст, то вазъ дар нерӯгоҳ ба эътидол оварда шавад.