Кори бемузди омӯзгорони Қазоқистон барои интихобот

Дар қисмати ғарбии Қазоқистон ба омӯзгорони баъзе мактабҳо дастур додаанд, ки барои омодагӣ ба интихоботи расёати ҷумҳурӣ ёрӣ расонанд. Дар шаҳри Уралск рӯзи панҷшанбе ба яке аз омӯзгорони донишгоҳ гуфтаанд, ки вай ва ҳакоронаш бояд варақаҳои райро тафтиш кунанд. Ин омӯзгори зан, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, мегӯяд, ки ба ҳар омӯзгор 25-30 хонаро тақсим кардаанд ва гуфтаанд, ки онҳо бояд дар вақтҳои холии худ ба ин хонаҳо раванд ва варақаҳои райдиҳиашонро бори дигар бубинанд. Омӯзгор гуфтааст, барои ин кор ба вай ё ба ҳамкоронаш музде пардохт намекунанд.