24-ӯми март дар “Кохи Урал” дар вилояти Свердлов дар робита бо нахустин маҷмаи муҳоҷират дар Урал нишасти хабарӣ баргузор шуд. Баргузории ин маҷмаъ 4-5 апрел дар Екатеринбург дар назар аст. Дар он намояндагони созмонҳои байналмиллалии муҳоҷират, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, Созмони ҷаҳонии кор ва намояндагон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон ширкат хоҳанд кард. Накмояндагони тақрибан 70 муассисаи вилоят, ба вижа муассисаҳои сохтмонӣ омодагии худро барои ширкат дар ин маҷмаъ изҳор доштаанд. Дар маҷмаъ масъалаҳои марбут ба равандҳои муҳоҷират, ҳуқуқи онҳо ва зарурат ба нируи кории хориҷӣ баррасӣ мешавад. Дар вилояти Свердлов муҳоҷирони зиёди тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.