Гуфтугӯҳои Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва Стив Виткофф, фиристодаи вижаи раиҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна, дар Масқат, -- пойтахти Умон, оғоз шуд.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон баъд аз зуҳри 12 апрел, бо ин эълони ин хабар дар сафҳаи худ дар шабакаи Х, навишт, "ин гуфтугӯ дар маҳалли пешбинишуда тавасути мизбони умонӣ бо ҷойгир шудани намояндагони Ҷумҳурии исломӣ ва Амрико дар толорҳои аз ҳам ҷудо, анҷом мешавад ва ду тараф дидгоҳҳо ва мавзеи худро аз тариқи вазири корҳои хориҷии Умон, ба якдигар мерасонанд".
Ба навиштаи расонаҳои Эрон, дар гуфтугӯҳои имрӯз бо Амрико, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ, Маҷид Тахтравончӣ, муовини сиёсӣ, Козим Ғарибободӣ, муовини байналмилалӣ ва ҳуқуқии вазорати корҳои хориҷӣ ва музокиракунандагони баландояи бахши бартараф кардани таҳримҳо ва коршиносони масоили ҳастаӣ, ҳамроҳи Аббос Ароқчӣ ҳастанд.
Қабл аз оғози ин гуфтугӯҳо, хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як "мақоми эронӣ", ки номаш фош нашудааст, навишт, ки Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, ба Аббос Ароқчӣ барои музокирот бо тарафи амрикоӣ, "салоҳияти пурра" додааст.
Ин манбаъ ба "Рейтерз" гуфтааст, "муддати музокирот, ки танҳо дар бораи мавзуи ҳастаӣ аст, бастагӣ ба ҷиддият ва ҳусни нияти тарафи амрикоӣ дорад".
Эрон ҳар гуна музокира дар бораи барномаи мушакӣ ва тавоноиҳои дифоии худро рад кардааст.
Вазири корҳои хориҷии Эрон субҳи 12 апрел пас аз ворид шудан ба Умон дар сӯҳбат бо ҳамтои умонии худ дар мавриди гуфтугӯи ҳастаии Эрон ва Амрико гуфт, ки "нияти мо расидан ба созиши шарафмандона аз мавзеи баробар аст".
Ӯ бо андохтани тӯб ба замини Амрико, афзуд, "агар тарафи муқобил аз мавзеи баробар ворид шуда бошад, имконе барои як созиши ибтидоӣ, вуҷуд хоҳад дошт".
Қаблан Алӣ Шамхонӣ, мушовири сиёсии Алии Хоманаӣ дар шабакаи Х навишта буд, ки Вазири корҳои хориҷии Эрон бо "ихтиёроти комил" роҳии Умон шудааст.
Ба иддаои ӯ, "Теҳрон ба дур аз намоиш ва суханбозӣ дар баробари дурбинҳо, ба дунболи созиши воқеӣ ва одилона аст".
Ин нахустин музокироти мақомҳои эронӣ ва амрикоӣ дар маъмурияти дувуми Доналд Трамп аст.
Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар соли 2015 ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд ва Трамп, ки аз мухолифони ин созишнома буд, дар соли 2018 хуруҷи Амрико аз ин созишномаро эълом кард.
Эрон талош барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад, аммо пас аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, аз ӯҳдадориҳои худ дар чорчӯби ин созиш канор рафт ва мизони ғанисозии уранюмро ба вижа дар як соли гузашта, ба шиддат афзоиш додааст.
Стив Виткофф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна қаблан гуфта буд, ки Доналд Трамп дар талош аст, то бо "эътимодсозӣ", аз даргирии низомӣ бо Эрон пешгирӣ кунад ва Теҳрон ҳам аз тариқи "миёнаравҳо" дар ҳоли тамос бо Амрико аст.