Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари боронгариҳои сахти рӯзҳои гузашта ва омадани селҳо, даҳҳо хона дар минтақаҳои гуногуни кишвар осеб дида, ба роҳҳо ва киштзорҳо осеб расидааст.
Тоҷикистон рӯзҳои 5-10 апрел шоҳиди боронгариҳои сахт буд ва КҲФ аз сокинон хоста буд, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.
Ба иттилои КҲФ, аз боронгариҳои рӯзҳои гузашта, аз ҷумла, сокинони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Сангвор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Ҳисор зарар диданд. Ба иттилои ин ниҳод аз ҷумла, сел дар ноҳияи Рӯдакӣ даҳҳо таҳхонаи сокинонро аз лой пур кард.
КҲФ мегӯяд, рӯзи 10 апрел бар асари боронҳои сахт ва омадани сел, роҳи мошингарди Лабиҷар то маркази ноҳияи Сангвор барои чанд муддат баста монд.
Дар ҳамин рӯз, дар пайи боронҳои шадид сел 13 хоҷагии деҳқонии деҳаи Кӯҳдоманро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз лою об пур кардааст. Ҳамчунин даҳҳо гектар замини пахта дар қаламрави ин ноҳия зарар дидааст.
Ҳаҷми умумии зарари расида аз боронгариҳои ахир то кунун маълум нест. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияҳои ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли боришоти сахт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва эҳтимоли фаромадани тарма дар рӯзҳои 12-14 апрел, хабар додааст. Ин ниҳод гуфтааст, ба ғайр аз манотиқи шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.