Ҳушдори КҲФ аз селхезӣ ва тармафароӣ дар рӯзҳои оянда

Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз омадани селҳои эҳтимолӣ дар рузҳои оянда ҳушдор дод. Аз сокинон хоста шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.

Ба иттилои ин ниҳод, бинобар ҳавои номусоид, аз ҷумла, боридани боронҳои сахт дар бархе ноҳияҳои куҳистонии вилояти Суғд, атрофи Душанбе ва ғарби ВМКБ, хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо такия ба Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки хатари хатари лағзиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳанӯз боқист.

Аз ин рӯ, КҲФ ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия додааст, ки дар ин рузҳо аз рафтан ба соҳили дарёву рӯдхона, ҳамчунин сайёҳат ба куҳу пуштаҳо, ибо варзанд. Аз ронандагон ҳам хоҳиш шудааст, ки безарурат ба сафар набароянд.

Ва низ аз сокинон хоҳиш шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳои барои ҷамъоварии гиёҳ, шикор, чӯпонӣ ва моҳидорӣ, худдорӣ кунанд.

Ҳамасола чандин нафар дар Тоҷикистон бар асари ҳодисаҳои табиӣ ба ҳалокат мерасанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон чанд рӯз пеш аз марги як сокини ноҳияи Дарвоз хабар дод, ки аз кӯҳ афтода ва ҷон бохтааст.

Ба иттилои ин ниҳод, марди 34-сола, сокини деҳаи Паткунови ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб, субҳи 2-юми апрел бо мақсади ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳҳои наздики деҳа рафта буд.

Ҷасади ин мард баъд аз зуҳри ҳамон рӯз аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ёфт шуда, ба наздиконаш супурда шуд.