Натиҷаи пешбинишаванда. Рустами Эмомалӣ ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуд

Акси ҷаласа аз саҳифаи https://t.me/RustamEmomali

Акси ҷаласа аз саҳифаи https://t.me/RustamEmomali

Дар Телеграм-канали расмии шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 28 март хабар дод, ки дар Душанбе ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ барпо шуд.

Дар овоздиҳие, ки ба навиштаи ин манбаъ пинҳонӣ барпо гардид, номзадии Рустам Эмомалӣ – раиси шаҳри Душанбе, Мунира Каримзода – сартабиби Беморхонаи бемориҳои сироятии кӯдакона, Нуриддини Муҳиддин – ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Қудрат Давлатзода– ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва Қобилҷон Хушвахтзода – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба узвияти Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии порлумон интихоб шуданд.

Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барпо мешавад.

Рустами Эмомалӣ аз соли 2020 раиси Маҷлиси миллӣ аст

Рустами Эмомалӣ аз соли 2020 раиси Маҷлиси миллӣ аст

Аъзои ин палатаи болоии парлумон аз сӯи маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе интихоб карда мешаванд. Палатаи болоии порлумон 33 узв дорад, ки 25 нафари он аз ҳисоби панҷ минтақаи кишвар ва 8 нафари он аз сӯи президент таъин мешаванд.

Аксар курсиҳои Маҷлиси миллӣ дар ихтиёри Ҳизби ҳокими халқии демократӣ аст. Аз соли 2020 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент раиси Маҷлиси миллӣ аст. Тибқи қонуни асосии Тоҷикистон раиси Маҷлиси миллӣ шахси дуввуми Тоҷикистон аст ва дар сурати истеъфо ё вафоти раиси ҷумҳур ваколатҳои ӯ то интихобот ба уҳдаи роҳбари палатаи болоии порлумон мегузарад.

Маҷлиси миллӣ аз салоҳиятҳои густурда, аз ҷумла, тасдиқи қонунҳо ба ғайр аз қонуни буҷа бархӯрдор аст. Додрасҳои Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ ва додситони кулл ҳам танҳо баъди тасдиқи палатаи болоии порлумон ба кор оғоз мекунанд.

Мунтақидон мегӯянд, Маҷлиси миллӣ тақрибан ҳама пешниҳодҳои ҳукуматро бидуни баҳсҳои сахт қабул мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистону Русия рафиқи “наздиктар” мешаванд?Маҷлиси Миллӣ ба барканории Юсуф Раҳмон ва Шоҳиён "ҳа" гуфтРустами Эмомалӣ бори чорум президенти ФФТ интихоб шудТаҳлил. Оё Усмонзода мехост Эмомалӣ Раҳмонро «чаппа кунад»?Мақоми нави Зарина Раҳмон. Ҷойи Исматуллоев дар "Ориёнбонк" холӣ нестШоҳрух Саидзода, дӯсти Рустами Эмомалӣ раиси пулиси Душанбе шуд"Овозаи Рустам беҳ аз Рустам"? Чаро даҳҳо имтиёз низ шаҳрдори ҷавонро комёб намекунанд?