Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳрух Саидзода, дӯсти Рустами Эмомалӣ раиси пулиси Душанбе шуд


Шоҳрух Саидзода аз дасти чап
Шоҳрух Саидзода аз дасти чап

Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии ВКД ва аз дӯстони Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон аз мақомаш барканор ва ба мақоми дигаре дар ин сохтор таъин шудааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн хабар дод, ки дар сохтори ВКД тағйирот шудааст. Ба навиштаи дафтари матбуоти президент, сардори раёсатҳои ВКД дар Душанбе, навоҳии тобеи марказ, чанд ноҳияи Хатлон, Суғд ва Бадахшон дигар шудаанд.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ВКД тасдиқ кард, ки Шоҳрух Саидзода аз мақомаш дар Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ барканор ва сардори Раёсати ВКД дар Душанбе шудааст. Ӯ соли 2017 бо камтарин собиқаи корӣ сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ таъин шуда буд.

“Имрӯз Шоҳрух Саидзода дар вазифаи наваш муаррифӣ мешавад,”—гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ҳанӯз маълум нест, ки Бароталӣ Ҳамидзода, сардори РВКД-и Душанбе ва Абдулло Навҷувонов, сардори РВКД дар Суғд, ки аз мақомҳояшон барканор шудаанд, чӣ мансаб гирифтаанд.

Зоҳиран Шоҳрух Саидзодаи 38-сола, ки ӯро аз дӯстони Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе медонанд, дар зинаҳои мансаб болотар меравад.

Ӯро як фарди муҳим дар тасмимгириҳо дар сохтори ВКД медонанд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар замони кори ӯ дар Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ дахолат ба ҳаёти шахсии фаъолони ҷомеа ва шиканҷаву азияти равонии боздоштшудаҳо бештар шуд.

Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки зердастони Шоҳрух Саидзода ҳар нафареро хоҳанд, бидуни ҳеч асосе ба бозпурсӣ даъват мекунанд ва азияту шиканҷа мекунанд.

“Шикоят ба додситонӣ аз кормандони Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ зиёд аст, вале на худи ВКД ва на додситонӣ онҳоро намесанҷанд, чун аз дӯстии Шоҳрух бо Рустам ҳарос доранд,”—гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Тарафдоронаш Шоҳрухро раҳмдил, боадолат ва аз мансабдороне медонанд, ки ба доди ҷабрдидаҳо мерасад.

Дар Тоҷикистон, ки онро хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон идора мекунад, аксари мансабҳо ба афроде дода мешавад, ки бо ин хонавода дӯстӣ ва садоқат доранд.

Созмонҳои байналмилалӣ ҳукумати Тоҷикистонро ҳукумати хонаводагӣ меноманд.

Шоҳрух Саидзода, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, зодаи ноҳияи Данғара аст, ки солҳо дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои калидӣ, мисли раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасод ва сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистонро дошт ва ҳоло бознишаста аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG