Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи Кодекси иттилоотро рад кардааст

Бинои ҳукумати Тоҷикистон.

Бинои ҳукумати Тоҷикистон.

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси иттилоотро, ки аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Маҷлиси намоядагон таҳия шуда буд, рад кардааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон моҳи сентябри соли гузашта ин санадро барои додани хулоса ба ҳукумат пешниҳод карда буд.

Аммо хулосаи ҳукумат омадааст, лоиҳаи Кодекси иттилоот бо муттаҳид кардани чор қонуни амалкунанда "дар шакли коста, нопурра ва бе танзими масъалаҳои муҳими соҳа таҳия гардида, дар шакли пешниҳодгардида қобили қабул намебошад".

Назари муаллифони ин лоиҳа феълан маълум нест.

Кодекси иттилоот, ки қарор буд ҳамаи меъёри қонунгузории Тоҷикистонро дар бахши ВАО фаро гирад, аз сӯи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, порлумон ва як намояндаи Вазорати адлия таҳия шуда буд.

Дар хулосаи ҳукумат бидуни зикри банди мушаххас омадааст, дар лоиҳаи Кодекси иттилоот на ҳамаи масъалаҳои вобаста ба самти ВАО танзими худро ёфтаанд.

Эроди дигари ҳукумат ин будааст, ки дар санад ҳифзи иттилоот дар интернет пешбинӣ нагардидаааст.

Ин бори дуюм аст, ки ҳукумат лоиҳаи Кодекси иттилоотро қабул намекунад. Пеш аз ин ҳукумат соли 2023 ин санадро ба порлумон баргардонда буд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон пештар гуфтанд, таҳияи Кодекси иттилоот барои танзими хубтари кори расонаҳо дар кишвар зарурӣ аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Нома биёред, ҷавоб медиҳем" бо қабули кодекси нав аз байн меравад?Қонуни нави матбуот ба ҳукумат "нафоридааст"Ҳукумат лоиҳаи Кодекси иттилоотро қабул накард