Боронҳои ду рӯзи охир боис ба омадани сел дар чанд минтақаи Тоҷикистон шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, шоми 24-уми март дар ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз сел омада, муддате убур аз роҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғро номумкин кард.
Ҳамчунин субҳи 25-уми март лой ва сангу рег роҳи Душанбе-Сангворро баст ва мақомот мегӯянд, роҳро тоза доранд. Ба иттилои расмӣ, дар ҳамин рӯз дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ҳам сел омада, роҳи Ваҳдат-Саритош баста шуд.
Мақомот мегӯянд, пайомадҳои офати табииро бартараф доранд. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ин ҳодисаҳо касе ҳалок нашудааст.
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки боридани борон ва эҳтимоли омадани сел, резиши сангу рег дар роҳҳои кӯҳӣ ва лағзиши тарма то 27-уми март зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол, ширкати IRS, масъули нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз ронандагон барои ин пул мегирад, аз барфу борон ва сангфароӣ хабар додааст. Ин ширкат гуфтааст, ҳарчанд роҳ кушода аст, аммо "сангфароӣ бениҳоят зиёд аст".