Амалиёти зидди муҳоҷирон дар гӯшаҳои Русия

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар минтақаҳои гуногуни Русия амалиёти зидди муҳоҷирон идома дорад.

Ба иттилои “МВД Медиа”, нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Кемерево дар пайи рейди васеъмиқёси панҷрӯза ҳудуди 500 мавриди нақзи қонуни муҳоҷиратро ошкор кардаанд.

Пулис гуфт, рейдҳо дар тамоми вилоят сурат гирифта, нерӯҳои амниятӣ ҳуҷҷати ду ҳазор муҳоҷирро тафтиш карданд.

Дар Новокузнетск маъмурони интизомӣ аз сохтмоне 12 муҳоҷири беҳуҷҷатро пайдо кардаанд. Нозирон дар Белов автобусеро, ки як муҳоҷир бидуни иҷозатномаи кор идора мекард, боздоштанд. Дар миёни мусофирон низ муҳоҷирони бесанад будаанд.

Даря Ненилина аз Раёсати корҳои дохилии Кемерово, гуфт: "Дар робита ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 11 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар бораи ихроҷи маъмурии 20 шаҳрванди хориҷӣ аз Русия қарор қабул гардид. Ба 22 шаҳрванди хориҷӣ вуруд ба Русияро манъ кардаанд.”

Дар рейде,ки дар Орехово-Зуево дар наздикии Маскав анҷом шуд, пулис дар як коргоҳи дӯзандагӣ 12 муҳоҷири ғайриқонуниро пайдо кардаааст. Додгоҳ тасмим гирифт, ки боздоштшудаҳоро 5 ҳазор рублӣ ҷарима ва аз Русия ихроҷ кунад.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар як соли гузашта бо зиёд шудани тафтишҳо ва боздошту ихроҷҳо вазъашон бадтар шудааст. Ҳафтае пеш Дидбони Ҳуқуқи Башар дар таҳқиқоти наваш гуфт, ки пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус”, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия пайваста таъқиб ва озору азият мешаванд.

Ин созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Русия хост, ҳаргуна зуҳуроти муҳоҷирситезиро маҳкум кунад ва нагузорад, ки ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирон зери по шавад.