Боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар вилояти Маскав

акс аз бойгонӣ

акс аз бойгонӣ

Беш аз 50 муҳоҷири тоҷик рӯзи 22-юми март дар ноҳияи Красногвардейскии вилояти Маскав боздошт шудаанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, пулис бархеро пас аз гирифтани 50 ҳазор рубл маблағ раҳо карданд, вале дигаронро дар шароити баде нигаҳ медоранд.

Чанд тан аз онҳо бо ирсоли навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар рӯи фарш мехобанд ва барояшон ғизои дурусте намедиҳанд. Яке аз онҳо, аз ҷумла, гуфт: “Тоҷику узбекро рост ба Боздоштгоҳи махсус бурданд. Фарқ надорад, агар як сабт набошад тамом. 50 ҳазор мегӯянд, вале бо ин ҳам озод мекунанд ё не маълум нест. Илтимос ҳуҷҷатҳоятонро дуруст кунед, ки безеб аст”.

Шарҳи мақомоти Русия маълум нест. Радиои Озодӣ дар ин кишвар созмони номатлуб шумурда ва пурсишҳои он беҷавоб гузошта мешаванд.

Муҳоҷирон мегӯянд, ҳанӯз нисбати онҳо ҳеч додгоҳе қарор содир накардааст ва маълум нест, то кай дар боздоштгоҳ мемонанд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷир дар шароити сахт кору зиндагӣ мекунанд. Солона ҳазорон муҳоҷир бо баҳонаҳои мухталиф аз сӯи мақомоти рус боздошт ва ба ватанашон ихроҷ мешаванд.

"Сова", маркази назорати экстремизм дар таҳқиқе гуфтааст, ки аз соли 2023 ба ин тараф бархурди нажодапарастона бо муҳоҷирон дар Русия афзоиш ёфтааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳукумат ба муҳоҷирон: агар нафақа мехоҳед пас андоз супоред"Танҳо барои славянҳо". Нажодпарастӣ дар Русия бештар шудаастТоҷикистону Русия рафиқи “наздиктар” мешаванд?