Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки тағйири иқлим ва гармоиши курраи Замин то кунун 1300 пиряхро дар кишвар бухору нобуд кардааст, ки оқибати он мушкилоти зиёди экологӣ ва бад шудани некӯҳаволии мардум дар Осиёи Марказӣ аст.
Сироҷиддини Мӯҳриддин дар ин бора дар як нишасти Созмони Милал дар бораи пиряхҳо ва захираҳои об дар ҷаҳон сӯҳбат кардааст. Вазорати умури хориҷӣ рӯзи 22-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт, Сироҷиддини Мӯҳриддин зимни суханронӣ “нақши калидии пиряхҳоро ҳамчун манбаи асосии оби ошомиданӣ барои миллионҳо нафар, бахусус дар Осиёи Марказӣ қайд карда, иброз дошт, ки пиряхҳои бузурги Тоҷикистон ҳамчун "бурҷи обии минтақа" хизмат мекунанд.”
Манбаи асосии об дар Тоҷикистон пиряхҳо ҳастанд, ки 8 дар сади қаламрави кишварро ташкил мекунанд ва масоҳати умумиашон 11 ҳазору 146 километри мураббаъ аст. Сарчашмаи шаст дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аст, вале айни замон миллионҳо нафар дар кишвар аз дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ маҳруманд ва аз манобеи оби олуда истифода мебаранд.