Трамп гуфт, агар Маскав ба оташбас розӣ нашуд, таҳрим мешавад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Президенти Амрико Доналд Трамп аз Русия тақозо кард, ки ба оташбаси 30-рӯза розӣ шавад ва таҳдид намуд, ки дар сурати рад шудани ин пешниҳод бо таҳримҳои иловагӣ рӯбарӯ мешавад. Ин ҳушдор дар ҳоле садо дод, ки Маскав дар ҷабҳа ба пешрафте даст меёбад.