Кит Келлогг рӯзи 15-уми феврал дар нишасти амниятии Мюнхен гуфт, Вашингтон ният дорад, ки дар ҳафтаҳои оянда ба пешрафти назаррас ноил шавад. "Каме фурсат диҳед. Ман на дар бораи шаш моҳ, балки дар бораи рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда гап мезанам," – афзуд ӯ.
Курт Волкер, фиристодаи Доналд Трамп дар масъалаи Украина дар солҳои 2017-2019, гуфт, изҳороти Келлогг баёнгари он аст, ки "Украина дар сари миз хоҳад буд. Дар мавриди он ки Трамп бо Аврупо чӣ гуна рафтор хоҳад кард, каме номуайянӣ вуҷуд дорад."
Вазири корҳои хориҷии Бритониё дар нишасти Мюнхен гуфт, "Путин ба ҷуз дидани таслимшавии Украина ҳеч майле ба музокирот нишон надодааст."
Владимир Зеленский
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ҳангоми суханронӣ дар Мюнхен аз кишварҳои аврупоӣ даъват кард, ки артиши муштарак ташкил кунанд. Вай гуфт: "Агар амрикоиҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳузури худро камтар кунанд, албатта, ин хуб нест ва бисёр хатарнок аст."
Пештар аз ин Владимир Зеленский ба муовини раисҷумҳури Амрико гуфт, ки Украина қабл аз ҳар гуна музокирот бо Русия барои поён додан ба ҷанги тақрибан сесола аз Вашингтон "замонатҳои амниятӣ" мехоҳад.