Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои об рӯзи 30-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки шабакаи баландшиддати нерӯи барқ соли 2027, баъди анҷоми корҳо дар қаламрави Афғонистон барои интиқоли нерӯи барқ омода мешавад.
Ҳадафи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқи изофии Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон аст ва аз тарафи созмонҳои байналмилалии молӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад. Ноамнӣ дар Афғонистон сабаби ба дарозо кашидани иҷрои тарҳ шуд.
Далер Ҷумъа гуфт, ки корҳои васли шабакаҳои нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон идома доранд ва дар Покистон ҳам то нимаи соли 2025 корҳои заруриро ба поён мерасонад. Арзиши тарҳ бештар аз 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон умедвор аст, баъди мавриди баҳбардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба фурӯшандаи бузурги нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Айни замон кишвар қодир нест, мардумро дар зимистон бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад ва сокинон бахусус дар деҳот дар як шабонарӯз то 7 ё 8 соат нерӯи барқ мегиранд.