Пурсиш аз мардум: Агар роҳи Русия баста шавад, боз ба куҷо меравед?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бо зиёд шудани рейд ва рондани муҳоҷирони тоҷик аз Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳи пайдо кардани масири дигар барои кор ҳастанд. Бархеҳо талош доранд бо ҳар роҳе худро ба Аврупо расонанд. Радиои Озодӣ аз сокинони шаҳри Бохтар пурсид, ки кадом кишварро барои кор интихоб мекунанд.